Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Нваврӯз табрик карда, мардумро ба сарфакорӣ даъват намуд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Нваврӯз табрик карда, мардумро ба сарфакорӣ даъват намуд

20
20

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, бори дигар тоҷикистониёнро ба сарфакорӣ дар рӯзгор даъват намуд.

Дар паёми шодбошии президент ба ин муносибат, зикр шуд, ки ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД-19 нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш мебошанд.

Зикр шуд, ки дар чунин вазъият камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар байни кишварҳо боиси азияти миллионҳо нафар одамон гардид.

“Дар даврае, ки башарият вазнинтарин солҳои таърихи худро аз сар мегузаронад, мо боз ҳам бештар сарфакор бошем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем. Моҳи апрели соли гузашта дар муроҷиати худ ба мардуми Тоҷикистон вазъияти ниҳоят мушкили ҷаҳонро таъкид карда будам”, – гуфт сарвари давлат.

Ӯ хотиррасон намуд, ки соли ҷорӣ вобаста ба таҳримҳои иқтисодӣ ва дигар низоъҳое, ки рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодаанд, вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёр минтақаҳои олам хеле мушкил гардидааст, ки таъсири он ба ҳама, аз ҷумла ба кишвари мо низ мерасад.

“Бори дигар таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада ҳар як оила бояд сарфаю сариштакориро риоя намояд. Чунонки солҳои охир борҳо хотирнишон карда будам, ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад”, – даъват кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, “мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки асоси омода кардани мутахассисони ояндасози миллӣ мебошад, эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем ва нагузорем, ки дар байни ҷомеаи мо ва махсусан, наврасону ҷавонон андешаҳои хурофотиву таассуб ва унсурҳои фарҳанги бегона нуфуз пайдо намоянд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Куштигирӣ, консертҳо, пойгаи аспдавонӣ. Дар саросари Тоҷикистон Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиранд?

“Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дар ёд дошта бошанд, ки мо рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтар, солҳои бисёр сахту ҳалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ду соли охир бемории сироятии КОВИД-19-ро паси сар кардем.

Аз ин лиҳоз, мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд. Дар чунин шароит, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон шавем, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва камбудиву мушкилиҳои зиндагиамонро худамон бартараф созем”, – изҳор дошт президенти мамлакат.

Дар паём зикр мешавад, ки деҳқонони асили мо, ки соҳиби таҷрибаи зиёди кишоварзӣ ва маданияти баланди заминдорӣ мебошанд, бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, киштукори баҳориро, ки омили таъминкунандаи файзу баракати хони наврӯзӣ ва рӯзгори халқамон ба ҳисоб меравад, вусъат бахшанд.

Президент гуфт, зарур аст, ки истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз заминҳои обӣ рӯёнидани се-чор ҳосил таъмин карда шавад, зеро ин яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад.

“Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем”, – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳонро бо ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту саодат ва хайру баракат, амониву сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар орзу кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...