Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи рӯзи 14 июн дар марз бо Тоҷикистон изҳорот пахш намуда,марзбонони Қирғизистонро дар тирпарронии ногаҳонӣ дар мазеи "Кех"-и Ворух муттаҳам кард ва онро амали таҷовузкорона ва иғвои навбатӣ унвон кард.
Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳонӣ гирифтор шуд.
"Дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол гардид. Айни замон вазъи саломатии ӯ аз ҳад вазнин арзёбӣ мегардад", – омадааст дар изҳороти вазорат.
Гуфта мешавад, ки соати 07:30-и субҳ дар натиҷаи "гуфтушуниди изтирорӣ бо ибтикори Тоҷикистон ҷонибҳо дар мавриди оташбас ба мувофиқа расиданд".
"Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон бо таассуф таъкид мекунад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд, – зикр шудааст дар изҳорот. – Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъият дар сарҳадро танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад".
Дар охир гуфта мешавад, ки "Тоҷикистон амалҳои иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад".
Дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар бораи марзбони ҳалокшуда, ки дар бораи он субҳи дирӯз манбаъҳои “Азия-Плюс” хабар доданд чизе гуфта намешавад. Дар мақомоти ноҳияи Дӯстӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки бар асари муноқиша зодаи 26-солаи ин ноҳия ҳалок шудааст.
“Мутаассифона, дар ин тирпарронӣ сокини ҷамоати Навзамини ноҳияи мо Муродбек Маҳмадқулов ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро ба ноҳия оварда, субҳи имрӯз ба хок месупоранд”, – иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро ба тирборон кардани постгоҳи марзии “Булак-Бони” бо истифода аз гранатамёту миномётҳо айбдор кард.
“Имрӯз тахминан соати 7-и субҳ бо сабаҳои номаълум аз ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба сӯи дидбонгоҳи сарҳадии “Булак-Бошӣ”-и Хадамоти мазбонии КДАМ Қирғизистон тир парронида шуд. Дар посух аз ҷониби Қирғизистон низ ба самти дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон оташи ҷавобӣ кушода шуд. Пас аз гуфтушунид тирпарронӣ қатъ шуд. Лекин соати 7:50 дубора оғоз гардид. Тибқи маълумоти Хадамоти марзбонии КДАМ, соати 7:50 ҷониби Тоҷикистон боз бо истифода аз гранатомёту миномётҳо тирпаррониро дубора шурӯъ намуд. Соати 8:20 типарронӣ қатъ шуд”, – зикр мешавад дар хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Натиҷаҳои гуфтушунид
Ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, пас аз тирпарронии субҳ байни намояндагони сохторҳои сарҳадбонии ду кишвар гуфтушунид доир гардид. Тавре ки 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии ин кишвар хабар медиҳад, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид байни намояндагони кишварҳо қарорҳои зерин қабул шуданд:
– муайян ва дақиқ кардани хатсайрҳои ҳаракати дастаҳои посбонии сарҳад дар мавзеи “Кех”:
– ба қароргоҳҳои доимӣ баргардонидани неру ва воситаҳои иловагие, ки ба ҷойи ҳодиса интиқол дода шуда буданд;
– сардорони постгоҳҳои марзии “Кех” (Тоҷикистон) ва “Булак-Бошӣ” (Қирғизистон) уҳдадор мешаванд, ки ҳамарӯза вохӯрда, дар бораи вазъ бо ҳамдигар табодули мълумот кунанд;
– тарафҳо вазифадор карда мешаванд, ки хандақҳои пештар кофташударо бо хок пур кунанд;
– барои баргузории корҳои кишоварзӣ ба шаҳрвандоне, ки қитъаҳои заминашон дар наздикии сарҳад воқеъ аст, монеъа эҷод карда нашавад;
Зимнан зикр мегардад, ки дар фурсати наздик баргузории боз як вохӯрӣ байни ҳайатҳои сарҳадбонии кишварҳо дар назар аст.