spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тағйироти кадрӣ: Аз барканории раиси додгоҳи олии иқтисодиву 10 додрас то мансаби духтари Худоӣ Шарифзода

Дирӯз, 13 июл дар мақомоти додгоҳӣ ва соҳаи маориф ва илми кишвар тағйроти кадрӣ сурат гирифт. Дар пайи ин тағйирот, Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ ва муовини ӯ Файзалӣ Комилӣ аз мақом бозхонд шуданд.

Тавре Хадамоти матбуотии прзиденти кишвар хабар медиҳад, ба ҷои Қаландарзода, номзадии Рустам Мирзозода ба ҳайси раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ ва Комилӣ Файзалӣ ба ҳайси муовини якум ва Азизбек Хайриддинзода муовини раиси ин додгоҳ ба Маҷлиси олии кишвар пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, бо қарорҳои дигар, Рустам Мирзозода аз вазифаи раиси додгоҳи вилояти Хатлон, Абдураҳмон Ёқубзода – аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Бохтар, Шамсиддин Иброҳимзода – аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон, Иноятулло Ғуломзода – аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Далер Холиқмуродзода – аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи шаҳри Душанбе, Темур Ҳафиззода  – аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, Улуғбек Шӯҳратзода – аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, Хуршед Маҳмадзода – аз вазифаи муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино, Зарина Солеҳзода – аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчунин, Азизбек Хайриддинзода аз вазифаи раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ва Ҷонфидо Одиназода аз вазифаи додраси ин додгоҳи аз вазифа озод шуданд.

Сабаби бозхонди додрасҳо аз мансаб “гузаштан ба вазифаи дигар” гуфта мешавад.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои дигари раисҷумҳури Тоҷикистон Одиназода Ҷонфидо ба вазифаи додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ, Бекзода Абдураҳим, Иноятулло Ғуломзода, Абдураҳмон Ёқубзода, Шамсиддин Иброҳимзода, Хуршед Маҳмадзода, Зарина Солеҳзода, Тоҷиддин Усмонзода, Темур Хафиззода ва Далер Холиқмуродзода – ба вазифаҳои додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон интихоб ва барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ пешниҳод шудаанд.

Дар пайи тағйиротии дирӯза, ҳамчунин, роҳбари Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳо Боймурод Шарифзода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Фарангис Шарифзода, духтари адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифзода роҳбари ин ниҳоди илмӣ таъин гардид.

Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод гардида, ба ҷои ӯ, Хайрулло Назарзода мудири ин донишгоҳ таъин гардид.

Ҳамчунин, Замира Рустамзода директори «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Бӯстон таъин шуд. Ӯ то ин дам муовини директори ин мактаб буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...