Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон ба суоли хабарнигорон вобаста доғи судӣ гирифтани ҷавонон изҳори назар кард ва гуфт, бояд бештар дар самти пешгирии ҷиноят корбарӣ кард.
“Масъалагузории хабарнигорон дуруст аст. Бубинед вақте мутахассисро ба кор қабул карданӣ мешавем, аввалин ҳуҷҷате, ки талаб мекунем ин доғи судӣ доштан ё надоштанаш аст. Доғи судиро бардоштан чӣ қадар мушкил аст ва чӣ қадар вақтро талаб мекунад. Дар ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрияшон бо фаъолони вилояти Хатлон моҳи феврали соли равон низ эрод гирифта буданд. Набояд барои 100-200 сомонӣ ё як ҷиноятҳои ночиз ҷавононро ба маҳкама кашем. Мо бояд онҳоро тарбия кунем”, – гуфт раиси вилоят.
Қурбон Ҳакимзода аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят хоҳиш кард, ки дар ин самт корбарӣ кунанд ва ин эродҳоро ба назар бигиранд.
Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода илова кард, ки баъди эродҳои Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят беш аз 700 ҳолат кам шудааст.