Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 сентябр маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлис масоили рушди кишвар ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон баррасӣ шуд.
Президент ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ супориш дод, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1 июни соли 2023 лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҶТ дар соли 2024 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2025-2026 ба баррасии ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Дар маҷлис ҳамчунин Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар ҶТ барои солҳои 2023-2037, Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ва Дар бораи Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳисоботи раиси Шаҳритус боиси норозигӣ шуд
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Ғаффор Ҷабборӣ “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд.
Дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат гуфта мешавад, ноҳияи Шаҳритус субвенсионӣ буда, ҳар сол зиёда аз 20 млн сомонӣ маблағҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад.
Дар 6 моҳи аввали соли 2022 нақшаи буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллӣ 28 млн 669 ҳазору 500 сомонӣ иҷро шудааст, ки 103,6 фоизи нақшаи андозро ташкил менамояд.
Давоми 6 моҳи соли 2022 мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025 аз 94 лоиҳаи пешбинишуда 38 лоиҳа ба маблағи 54 млн 419 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, ки 36 фоизи нақша мебошад.
Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 2,3 млн доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 6 моҳи аввали соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 443 млн 657 ҳазор сомониро ташкил дод.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша 6350 тонна буда, иҷроиш 6398 тонна ё ин ки 102,8 фоиз иҷро гардидааст.
Ҳачми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90 млн 885 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳияи Шаҳритус супориш дод, ки фаъолиятро оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур намоянд, оид ба ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд, ба истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншооти маишию варзишӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ба масъалаи беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ноҳия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Сарвари давлат ба раиси ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 4 моҳ муҳлат дод.
Ғайр аз ин, дар маҷлиси ҳукумат аъзои ҳукумат санадҳои зеринро баррасӣ ва ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол намуданд:
Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,
Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”
ва 8 хулосаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла,
Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”,
Оид ба пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”,
Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”,
Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва
Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.