Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сафари кории президент аз ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр оғоз шуд.
Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Ваҳдат аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд шудааст. Дар ошёнаи дуюм ва сеюми иншоот 9 ҳуҷраи корӣ барои мутахассисон пешбинӣ шуда, толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун макони мусоид ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 иштирок кард, ки аз 3 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Мулоқандов сохта шудааст.
Дар муассисаи тозабунёд 720 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Даргоҳи нави маърифат дорои 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёниятҳои таълимӣ маҷаҳҳаз аст.
Сипас сарвари давлат дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхисию табобатии "Ҳоким"-ро мавриди истифода қарор дод, ки аз 4 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эмомалӣ Азимов бунёд гардидааст.
Дар маркази мазкур 13 ҳуҷра барои бистарӣ кардани беморон бо 40 кат мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 100 нафар ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шавад. Инчунин марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он таҳлилҳои гуногун гузаронда мешавад.
Дар идома президент дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз” ҳузур дошт. Корхонаро соҳибкори маҳаллӣ Эргаш Отаҷонов бунёд намуд, ки дар он 30 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Ҷамъият ба истеҳсоли гӯшти паранда машғул буда, имкон дорад, ки дар як сол то 1 ҳазору 600 тонна гӯшти парҳезии мурғро ба бозорҳои мамлакат ба фуруш барорад. Дар як марҳилаи парвариши паранда, ки то 45 рӯзро дар бар мегирад, дар корхонаи нав 120 ҳазор сар мурғ нигоҳубин карда мешавад ва ҳамин гуна, дар як сол то 600 ҳазор сар паранда парвариш шуда, барои истеҳсоли гушти аълосифат омода мегардад.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Ромит ташриф оварда, бо ҷараёни навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуд. Роҳҳои деҳоти Ромит аз ҷониби ҶДММ “Пакрут” таъмиру таҷдид карда мешаванд ва то имрӯз аз ҷониби корхона беш аз 10 километр роҳҳои маҳаллии деҳоти Ромит мумфарш ва навсозӣ карда шудааст.
Аснои шиносоӣ бо қитъаҳои роҳи таъмиру азнавсозишуда, ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани рафту омади аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт 1 километр роҳи деҳаи Хушон бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд.
Баъдан сарвари давлат дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит аз ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Баҳор” боздид намуда, роҳбарияти корхона ба Эмомалӣ Раҳмон бинои нави инкубатсионӣ ва 40 ҳавзи навро муаррифӣ карданд.
Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ ватанӣ буда, барои ободу зебо кардани як минтақаи вайрону валангор ва ноободи соҳили дарёча истифода гардидааст. Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёна бо сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст.