spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Телеграммаҳои зиёди махфӣ дастрас мекардем”. Ногуфтаҳои котиби Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ

Аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 30-соли комил мегузарад. Он рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 оғоз гардид ва 16 рӯз дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд идома кард.

Он рӯзҳо дар Хуҷанд ҷамъомади вакилону мухолифон чӣ гуна сурат гирифт ва аз он рӯзҳо чӣ ногуфтаҳое боқӣ мондааст? Баҳриддин Ахмедов, котиби вақти комиҷроияи Шӯрои вакилони вилояти Ленинобод (имрӯза Суғд) дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз нуктаҳои нав ва муҳими Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт.

– Аз баргузории Иҷлосияи 16-ум кай ва дар кадом шароит хабардор шудед?

– Дар аввалҳои моҳи ноябр ба мо хабар расид, ки ҳама шахсони калидии кишвар, вакилони халқ ва мухолифин дар Хуҷанд, ки нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ором буд, ҷамъ мешаванд ва иҷлосия баргузор мекунанд. Маро муваззаф намуда буданд, ки вазъро омӯзам ва макони амне интихоб намоям. Ҳамин тавр, як ҳафта пештар ман маконро интихоб кардам ва мақомоти марбутаро огоҳ кардам. Яъне, баргузории ҷаласа ду ҳафта пеш маълум буд.

– Чаро Қасри Арбоб интихоб шуд? Ҷойи дигаре ҳам пешбинӣ мегардид?

– Дар оғоз чанд ҷой интихоб шуд: Қасри Иноятҷон Боймуҳаммадзода дар шаҳри Конибодом, Қасри Самад дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Театри мусиқиву мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қасри Арбоб дар шаҳри Хуҷанд.

Ҳайати корӣ ҳамаро рафта дида, Қасри Арбобро интихоб карданд. Чунки Қасри Арбоб дар канори шаҳр ҷойгир буда, эҳтиёҷоти вакилону меҳмононро бароварда мекард. Бартарии дигар ин буд, ки қасри мазкур дар ҷойи баланд бино ёфтаву аз он ҷо тамоми шаҳр дида мешуд.

– Амнияти Қасри Арбоб чӣ гуна таъмин гардида буд?

– Мо дар атрофи қаср се қабат афсарон ва қӯшунҳои ҳимоятгари Ӯзбекистон ва Русияро маскун карда будем. Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳам намояндагони худашро дар атроф ва даромадгоҳи Қасри Арбоб ҷой карда буд.

Илова бар ин, мо барои ҳама вакилони халқ ва иштироккунандагони ин иҷлосия гузарнома омода намуда будем ва ҳангоми ворид шудан, танҳо ҳамон ба инобат гирифта мешуд. Амният пурра таъмин гардида буд.

– Вакилон кай аз Душанбе ба Хуҷанд рафтанд ва Раҳмон Набиев, президенте, ки дар Душанбе бо фишор истеъфо дода буд, дар Хуҷанд ҳамчун шахси аввали ҷумҳурӣ пазироӣ гардид ва ё на?

– Вакилони ҳар минтақа алоҳида ба Хуҷанд омаданд, онҳоро шахсан худам пешвоз гирифта ва бо ҷойи зист таъмин намудам. Аммо Раҳмон Набиев дар хонаашон будубош доштанд ва амнияти он кас дар Хуҷанд таъмин гардида буд. Рӯзи аввали иҷлосия, 16-уми ноябр, худам аз Раҳмон Набиев, президенте, ки чанд рӯз пеш аз оғози иҷлосия дар фурудгоҳи Душанбе иҷборан истеъфо дода буд, даъват кардам, ки ба Қасри Арбоб ташриф оранд. Он ас аз ибтидои кори иҷлосия ҳузур доштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳмон Набиев ва Эмомалӣ Раҳмон

– Раҳмон Набиев дар иҷлосия ҳамчун шахси аввали кишвар даъват шуд ва ё вакилон истеъфои ӯро қонунӣ медонистанд?

– Раҳмон Набиев ҳамчун президент ба иҷлосияи мазкур омада буд ва симмати раисии иҷлосияро низ ба ӯҳда дошт. Сухани он кас ҳамчун сухани президент қабул мегардид.

Рӯзи нахусти Иҷлосияи 16-ум чӣ гуна гузашт?

СПРАВКА ПО ТЕМЕ


Баҳриддин Ахмедов баробари таъсисёбии вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) моҳи декабри соли 1970 ба узвияти кумитаи ташкилии вилоят пешбарӣ мешавад ва аз 14-уми феврали соли 1971 котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои вилояти мазкур интихоб мегардад. Ӯ дар ҳамин вазифа то ба нафақа баромадан, то соли 1993 фаъолият менамояд. Баҳриддин Ахмедов дар тӯли фаъолияташ дар комиҷроияи Шӯрои вакилони вилоят барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас гузоштааст.

– Иҷлосия соати 10:00-и рӯзи 16-уми ноябр бояд оғоз мешуд, вале бо дер омадани вакилон ва ҷойгир шудани онҳо каме фурсат рафт ва баъди соати 11:00 кори онро шурӯъ намудем.

Ҳабибулло Табаров, яке аз депутатҳои калонсолтарин, сесияи мазкурро раисӣ карданд ва котиботи онро муайян намуданд. Рӯзи аввали иҷлосия бо омода ва пешниҳод кардани рӯзномаи иҷлосия гузашт.

– Истеъфои Набиев чӣ гуна ва дар чӣ шароит сурат гирифт?

– Масъалаи истеъфои Раҳмон Набиев баррасӣ гардид, чун он кас президенти интихобнамудаи халқ буданд ва фишору таҳдиди як идда наметавонист, ки он касро барканор намояд. Ҳама мехостанд, ки он кас ба таври қонунӣ, бо ихтиёри худ, аз симмати президентӣ барканор шаванд.

Вакилони халқ ин масъаларо ба миён гузоштанд, аммо Раҳмон Набиев чунин ранг гирифтани корро интизор надоштанд. Он кас рад карданд ва “фикр мекунам” гуфтанд. Пас  аз се рӯз, 19-уми ноябр, ба минбар баромаданд ва эълон карданд, ки “барои тинҷиву амонӣ ва хотимаи ҷанги бародаркушӣ аз вазифаи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст мекашанд”.

– Ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон номзадии чанд нафар пешниҳод гардид ва интихоб чӣ тавр сурат гирифт?

– Се нафар – Иззатулло Ҳаёев, Акбаршо Искандаров ва Эмомалӣ Раҳмонов номзад ба мансаби раиси Шӯрои Олӣ буданд. Иззатулло Ҳаёев аз минбар баромад намуда, номзадии худро пас гирифтанд. Акбаршо Искандаров ҳам, диданд, ки овози зиёдро гирифта наметавонанд, номзадиашонро пас гирифтанд.

Пас аз ин, Абдувоҳид Мирзоев, вакили дигари халқ, номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро пешниҳод кард. Ҷаҳон Набиевич, вакил аз вилояти Ленинобод, аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамин тавр, номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро ба овоз гузоштанд ва он кас бо аксари овозҳо ба ин мансаб интихоб шуданд.

– Пас аз ин дар иҷлосияи мазкур Парчам, Нишон ва Суруди миллии кишвар интихоб гардид. Ин раванд ва рӯзҳо чӣ гуна сипарӣ мешуд?

– Бале, Муҳаммад Осимӣ, президенти вақти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки баъдан кушта шуданд, дар иҷлосияи мазкур раиси комиссияи махсус вобаста ба қабули Парчам ва Нишони миллии кишвар интихоб гардида буданд. Рӯзи 24-уми ноябр мутахассисон тарҳи Парчам ва Нишони миллиро омода карданд ва бо вакилон ба мувофиқа гузоштанд. Пешниҳод ва радду бадалҳо хеле зиёд буданд, назарҳои зидду нақиз пайдо шуданд, ки ҳамааш ба инобат гирифта шуд.

– 26-уми ноябр қумандононҳои ҳар ду ҷониби муноқиша созишномаи сулҳро ба имзо карданд. Чаро пас аз имзои созишнома ҷанг пешгирӣ нашуд?

– Дар зери нахустин созишномаи сулҳ дар соли 1992 аз ҷониби ҳукумат Эмомалӣ Раҳмонов ва аз ҷониби мухолифат Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзо гузоштанд. Дар иҷлосия Тоҳири Абдуҷаббор аз мухолифин намондагӣ мекард. Дар зери ин созишнома ӯ низ имзо гузошта буд.

Дуруст аст, ки дар ин рӯз ҷониби ҳукумат ва мухолифин ба мувофиқа омаданд, аммо ашхосе манфиатдори идомаи ин ҷанг буданд. Мутаассифона, ин рӯҳия ҳатто дар миёни вакилони халқ эҳсос мегардид.

– Намояндагони мухолифин чӣ назар доштанд?

– Ҳамон вақт нафароне ҳам буданд, ки намехостанд ин иҷлосия баргузор шавад ва хатарҳои ҷонӣ доштани онро баҳона пеш меоварданд. Аммо депутатҳои Кӯлоб, Ҳисор ва Ленинобод барои баргузории Иҷлосияи 16-ум пофишорӣ намуданд.

– Аммо баъзе аз пешвоёни мухолифин ба Хуҷанд наомаданд…

– Роҳбарияти мухолифин расман даъват шуданд, аммо дар иҷлосия натанҳо наомаданд, балки баъзеи онҳо тариқи телевизион андешаҳои зиддунақизи худро баён доштанд ва мардумро саргум намуданд. Суханрониҳои онҳо ба раванди сулҳ ва имзои созишнома таъсир мерасонид.

– То ҳол оид ба “нопадид” шудан ё “рабудан”-и Сафаралӣ Кенҷаев гапу гузори зиёд ҳаст. Оё шумо хабар доштед, ки С.Кенҷаев ба куҷо ғайб заданд?

– Воқеан Сафаралӣ Кенҷаев як-ду рӯз гум шуданд. Ман низ нафаҳмидам ва аз дигар вакилон пурсон шудам, ки он кас куҷо шуданд. Рафиқонашон гуфтанд, “бо корҳои давлатӣ банд шуданд”. Ҳамин хел гапҳо ҳам пайдо шуд, ки гӯё Сафаралӣ Кенҷаев ба Тошканд рафтаанд, аммо ба ман чизе нагуфтанд ва огоҳие надоштам.

– Дар идомаи иҷлосия чӣ иттилои навин дастраси шумо мегардид?

– Аз саросари кишвар бо нишонии Иҷлосияи 16-ум телеграммаҳои зиёди махфӣ дастрас мекардем. Хабарҳои доғ ба мо мерасид. Пешниҳодҳо ва масъалаҳои мубрами вақт аз ҷониби халқ иброз мегардид. Ҳамаро мехондем ва таҳлил менамудем. Ба вакилон ва иштироккунандагони иҷлосия низ ҳарфу паёми мардумро мерасонидем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамон рӯзҳо аз қотилини Нурулло Ҳувайдуллоев, додситони кулли Тоҷикистон, ки дар рӯзи 24-уми август ба таври бераҳмона кушта шуда буданд, огаҳ шудем. Хабар омад, ки яке аз 14 нафари гумонбар ба куштани додситони кулл – Ҷӯрабек Аминов, ҷонишини раиси Кумитаи амнияти миллӣ будааст, ки ҳамин рӯзҳо бо гранатомёт ба қатл расидааст. Баъдан, ин 14 нафар қотилон муайян шуданд, бархе дар ҷанг фавтиданд, чандеро барои фош накардани номи дигарон ҳамдастонашон куштанд, Ризвон ва ҳампаймононашро дар зери таҳхона бомбаборон намуданд, ниҳоят Раҳимбек Нуруллобеков ва Давлатбек Маҳмудов дастгир шуданд ва ҳукми қатл гирифтанд.

– Депутатҳо ва намояндагони мухолифин дар ин 16 рӯз бо ҳамдигар чӣ тарз муносибат доштанд ва дар ин муддат оштии онон эҳсос мегардид?

– Муносибати хубу тоҷикона доштанд ва аксари мухолифин низ мехостанд, ки ба ҷанги хонумонсӯз хотима бахшанд. Он ҷо ҳатто ба ҳамдигар даст дода буданд.

– Воқеан, пас аз имзои созишномаи сулҳ дар 26-уми ноябри соли 1992 ду ҷониб сари як дастурхон нишастанд…

– Бале, пас аз созишномаи сулҳ пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки ду ҷониб ба сари як хон нишинанд ва оши оштӣ хуранд. Аз Сангак Сафаров то Файзаливу Лангарӣ ва намояндагони мухолифин – ҳама қумандонҳоро даъват намуданд.

Дар сари дастурхон Парчами миллиро ба миён гузоштанд ва барои осоиштагии миллат қасам ёд намуданд. Аммо баъзеи онҳо боз қасамро шикастанд ва ба бесаранҷомиҳо идома доданд…

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Шумо худ дасти хориҷӣ ё қувваи сеюмро дар ин Иҷлосия эҳсос мекардед?

– Не, намояндагони Русия, Ӯзбекистон ва ҳатто Қирғизистон дар Иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд иштирок доштанд. Ҳамчунин, двизияи 201-и Русия ва қувваҳои муҳофизатии Тошканд барои ҳимояи вакилону иштироккунандагони иҷлосия ҳузур доштанд. Аммо ин кишварҳо дар раванди кори иҷлосия ва тасмимгириҳо таъсир расонида наметавонистанд.

– Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳарду ҷониб таҳмилӣ мегӯянд. Кӣ аз идомаи он манфиатдор буд?

– Бале, ин дуруст аст, ҳатто баъзе кишварҳои ҳамсоя ва хориҷӣ мехостанд, ки Иҷлосияи 16-ум баргузор нагардад. Онҳо мехостанд, ки дар Тоҷикистон давлати исломӣ ташкил диҳанд. Мо медонистем, ки дасти кадом кишварҳо олуда буданд.

– Оё имкон дошт, ки дар ҳамон иҷлосия ҳукумат ва мухолифин сари тақсими қудрат ба созиш расанд? Тавре, ки дар соли 1997 карданд.

– Баъзеи ҳамон мухолифини дар соли 1997 вазифагирифта аз ӯҳдаи корашон набаромаданд. Масалан, Домулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов), ки роҳбарии Кумитаи гумрукро ба дӯш дошт, соли 1992 омодаи иҷрои вазифаи баланди давлатӣ буд?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...