spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент: “Халқи Тоҷикистон қаҳрамони сулҳ, созандагӣ, ободӣ ва пешрафти Ватан аст”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябр дар “Қасри Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ – Қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ, аъзои ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок намуданд.

Ёдрас мешавад, киаз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаев Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Умеде дар миёни яъсу навмедӣ. 30 сол қабл рӯҳияи сокинони Хуҷанд чӣ гуна буд?

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки чунин вазъият талаб мекард, ки барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа ва сулҳу оромӣ дар мамлакат иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад, зеро хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.

Иҷлосияи Иҷлосияи т XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо рӯзномаи иборат аз 23 масъала ба кори худ идома бахшид.

Интихоби раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ҳайати нави Раёсати Шӯрои Олӣ, Ҳукумати нав, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, баргардонидани гурезаҳо ва ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат аз ҷумлаи масъалаҳои пешниҳодшуда буданд, ки барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, ба ҷойҳои зисташон баргардонидани гурезаҳо ва ба даст овардани сулҳу оромӣ хеле муҳим ба шумор мерафтанд.

Баъди музокироти бисёр мушкили беш аз 40-моҳа 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарине, ки ҳукумати навинтихобшуда ба он ноил гардид, дар муддати начандон тӯлонӣ аз Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Ватан баргардонидани беш аз 1 млн нафар гурезаҳои иҷборӣ, яъне ҳамватанонамон буд, ки аз тарси ҷон хонаву маҳалли зисти худро тарк карда буданд.

Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.

ГАЛЛЕРЕЯ (33)

































Сарвари давлат таъкид дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул гардид, ки ҷавобгӯи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд.

Таъкид гардид, ки вакилони мардумӣ – он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлол, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардум иҷро карданд.

Президенти мамлакат халқи сарбаланди Тоҷикистонро қаҳрамони сулҳ, созандагӣ, ободӣ ва пешрафти Ватан арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Телеграммаҳои зиёди махфӣ дастрас мекардем”. Ногуфтаҳои котиби Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба солҳои нахустини давлатсозию давлатдорӣ, ба кишвари воҳид мубаддал сохтани Тоҷикистон, қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои олам, муносибати судманд бо ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, интихоби сиёсати дарҳои кушода дар сиёсати хориҷии Ҳукумат, талошҳову ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, андешаронӣ кард.

Дар охир Пешвои миллат момалӣ Раҳмон орзу кард, ки дар Тоҷикистон сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ пойдору ҷовидон бошад, ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси миллати озоду соҳибихтиёр бо заҳмати содиқонаву софдилона аркони давлату давлатдории мустақилро устувор гардонида, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар намояд.

Баъди анҷоми чорабинии тантанавӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ, намоиши бошукӯҳи мушакпаронии идона ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...