Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлсиси Олии Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабри соли 2022 ироа хоҳад шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ, бо нашри эълон аз баргузории ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, даъвати шашум хабар дода, гуфтааст, ки тибқи моддаи 55 Конститутсияи Тоҷикистон ироаи паёми Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёсати дохилу хориҷ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад.
Дар ин ҷаласаи ироаи паём, ҳамасола ба ҷуз вакилону аъзои Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд.
Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳо ҳамасола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон гӯш мекунанд.
Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд.
Чун анъана ҳамасола раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.
Аз соли 2015 президент то охири моҳи декабр паёми худро ба парлумон ироа мекард, лекин соли 2020 он рӯзи 26 январи соли 2021 сурат гирифта буд. Ҳамин тариқ, соли гузашта боз ба моҳи декабр баргашт ва он рӯзи 21-уми декабр ироа гардида буд.