Имрӯз, 5-уми январ, дар идомаи тағйироти кадрӣ бо судури чанд қарори ҳукумати кишвар Холмурод Раҳмон аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон озод шуд ва ба ҷои ӯ Зафарбек Давлатзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, директори оҷонсии мазкур таъйин гардид.
Дафтари матбуотии перзидент бо нашри чанд қарору фармонҳои дахлдорро сабаби барканории Холмурод Раҳмон гузаштан ба вазифаи дигар гуфта шудааст. То ҳол маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа гирифтааст.
Ҳамчунин, Сироҷиддинзода Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Тоҷикистон озод ва раиси Оҷонсии содироти Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ аз ин мақом ба ҷои Шавкат Бобозода, ки моҳи сентябри соли гузашта аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт ва дертар бо фармони президент аз вазифа озод шуда буд.
Ҳамин тариқ, бо қарори дигари ҳукумат, Низом Мирзозода ба ҷои Маҳмадсаид Зувайдзода, ки чанд моҳ пеш даргузашта буд, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон таъин гардидааст.
Зувайдзода, ки пештар ҳамчун муовини якуми раиси шаҳри Душанбе низ кор кардааст, 18 –уми ноябри соли 2020 раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ таъин гардида буд.
Низом Мирзозода моҳи ноябри соли 2021-ум муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда буд.
Ҳамчунин, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Нурулло Маҳмадуллозода аз вазифаи муовини якум ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озод гардидаанд.
Сабаби барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, вале ҳоло маълум нест ки онҳо ба ҷӣ вазифае таъин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо қарори ҳукумат ва фармону амрҳои президенти кишвар чанде аз мансабдорони сатҳи баланд аз вазифа озод ва чандеи дигар ба вазифаҳои нав таъин гардиданд. Аз ҷумла, Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, ҳамакнун раиси собиқи Агентии омори Тоҷикистон вазири меҳнат таъин гардид. Ба ҷои Ҳасанзода Гулнора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.
То ҳол маълум нест, ки Ширин Амонзода ба чӣ мансабе таъйин шудааст.