Ҷамшед Саидзода, ки 11-уми январи соли ҷорӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон озод гардида буд, имрӯз, 18-уми январ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре маълум гардид, имрӯз, 18-уми январ, дар анҷумани навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки бо иштироки муовини якуми раиси ҲХДТ ва раиси тозатаъини вилоят Давлаталӣ Саид баргузор шуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Қиёмиддин Миралиён аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Ҷамшед Саидзода раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ интихоб шудааст.
Маълум нест, ки раиси ҳамакнун, собиқи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ба кадом вазифае таъин гардидааст ё не.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷамшед Саидзода, ки 11-уми январи соли ҷорӣ дар пайи як тағйироти кадрӣ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон озод ва бюа ҷойи ӯ Бахтиёр Шарифӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъйин гардида буд.