Тавре дар сомонаи расмии раисҷумҳури кишвар гуфта мешавад, 24 январ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда мешавад.
“Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд”, – гуфта мешавад дар хабари сомонаи президент.
Таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки пас аз ҷаласаи васеи ҳукумат раисҷумҳур тағйиротҳои кадрӣ низ анҷом медиҳад. Ҳоло маълум нест, ки соли ҷорӣ низ тағийроти муҳими кадрӣ сурат мегирад ё не.