Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дирӯз, 24-уми апрел, оғоз гардид, як қатор иншоотҳои маъмуриву иҷтимоӣ ва роҳу корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ намуд.
Тавре сомонаи расмии раисиҷумҳур хабар медиҳад, дар рӯзи аввали сафари худ, сарвари давлат аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуд.
Навбати аввали шоҳроҳи мазкур, ки бештар аз 75 км аст, аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросонро дар бар гирифта, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.
Акнун дар марҳилаи навбатӣ қитъаи зикргардидаи роҳ бо дарназардошти васеъкунии роҳ дар чор хати ҳаракат дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор мегирад.
Паҳноии роҳ аз 24 то 26,5 метрро дар бар гирифта, якчанд пул, гузаргоҳу роҳравҳои алоҳида барои пиёдагардон, хобондани қубурҳои қутрашон гуногун ба анҷом расонида мешавад.
Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур бештар аз 22 моҳро ташкил медиҳад.
Баъдан, роҳбари давлат дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафаров Холназар” оғоз бахшид.
Масоҳати умумии коргоҳ 0,6 гектарро ташкил дода, аз долони қабули паранда, забҳхона, ҳуҷраҳои тозакунӣ, поракунӣ, банду баст, сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти гӯштӣ, инчунин ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ин якумин коргоҳи забҳи паранда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар он метавон дар як рӯз то 10 ҳазор сар парандаро забҳ кард.
Дар заминаи ба кор андохтани коргоҳи мазкур беш аз 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти барвақтии кишоварзони шаҳр дидан намуд.
Майдони умумии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” 10, 14 гектарро ташкил дода, дар марҳилаи якум гармхона дар масоҳати умумии 3,3 гектар бунёд ва барои парвариши сабзавоти гуногуни барвақтӣ, нигаронида шудааст.
Ҳоло дар гармхона асосан бодиринги навъҳои гуногун, помидор, қаланфури булғорӣ ва боимҷон парвариш меёбад.
Сабзавот дар гармхонаҳо ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад.
Ҳоло дар Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н”-и шаҳри Бохтар 250 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. Оянда бо бунёди марҳилаи дуюми гармхона имкон аст то 450 нафар соҳиби ҷои кор шаванд.
Дар рӯзи дуюми сафар, сарвари давлат ба бунёду навсозии “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор”-и роҳи байналмилалии Бохтар – Левакант – Данғара – Кӯлоб оғоз бахшид.
Бунёду навсозии қитъаи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум “Қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант” мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Баъд аз таҷдиду азнавсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад.
Бунёду навсозии марҳилаи дуюми қитъа, қитъаи роҳи мошингарди Левакант – Лолазор аст, ки бо дарозии 30,28 километр ва бо харҷи зиёда аз 19,62 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Пас аз таҷдиду навсозӣ ин роҳ ба категорияи 3 техникӣ мутобиқ карда мешавад.
Бунёду навсозии 3 қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор бо маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд бунёд шуда, 2 қитъаи он аз тарафи ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.
Марҳилаи сеюм бошад, бунёду навсозии қитъаи роҳи Лолазор – Данғара мебошад, ки дарозии он 28,7 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 18,96 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Бо таҷдиду навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 3 техникӣ баробар мешавад.
Дар ин масири роҳ азнавсозии 4 пул низ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора як пули мошингузар дар марҳилаи дуюм, ки қитъаи Левакант – Лолазор мебошад, пурра навсозӣ мегардад.
Ҳамзамон дар марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳаи мазкур 28 адад қубурҳои обгузар, се адад истгоҳи нақлиёт, насби сутунпояҳо барои чароғонкунӣ ба масофаи зиёда аз 66 километр ва гузоштани аломатҳои роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи амалишавии навсозии роҳи автомобилгардиди қитъаи Бохтар – Левакант сохтмони 2 адад гузаргоҳи рӯизаминӣ, 5 адад такядевор бо дарозии умумии 554 метр, 5 адад қубури обгузар, 25 адад истгоҳи нақлиёт, васлу насби новаҳои оҳану бетонӣ бо дарозии умумии 14,74 километр, чароғонкунонии беруна ба масофаи 20,50 километр, инчунин насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Витаминҳои Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуд.
Гармхонаи мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон” дар масоҳати 10 гектар замин бунёд намудааст.
Зимни ин сафар, инчунин, роҳбари давлат ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ташриф оварда, калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар мамлакатро пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ин корхонаи муҳими саноатӣ ҷиҳати таъмини талаботи хоҷагидорону кишоварзони мамлакат бо нуриҳои минералӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ навсозӣ карда шуда, бо навтарин технологияи ширкатҳои пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон муҷаҳҳаз карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ин корхонаи азими кишвар тайи чандин соли охир аз фаъолият бозмонда буд ва бо дастури раисиҷумҳур дубора фаъол карда шуд. Бо фаъол гардидани корхонаи мазкур зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар ин корхона асосан карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ истеҳсол карда мешавад ва иқтидори истеҳсолии он дар марҳилаи аввал 90 ҳазор тонна нурии минералиро ташкил медиҳад.
Баъди пурра ба кор андохтани хатҳои технологӣ имкон аст, ки солона 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда шавад.
Карбамид дар хоҷагии халқ, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон дар саноати сабуки хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ бошад, дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ истифода бурда мешавад.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад, ки он соли 1967 таъсис ёфтааст ва бо сабаби фаъолият надоштани он барои солҳои зиёд хоҷагидорони мамлакат нуриҳои минералиро пурра аз кишваҳои хориҷ бо нархҳои гарон ворид мекунанд, ки ин раванд барои таъмини саривақтии соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои зарурӣ мушкил пеш оварда, ба рушди муназзами соҳа таъсир мегузорад.
Инчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ду бинои маъмуриро низ ифтитоҳ намуд. Дар шаҳри Левакант бинои нави Раёсати молия ва шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба истифода дода шуд.
Раисиҷумҳур ҳамчунин ба Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, гидроагрегати рақами 1-и ин иншооти муҳими энергетикии мамлакатро ба кор даровард.
Гидроагрегати рақами 1-и неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунадаи гидроэнергетикии мамлакат дар дарёи Вахш мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.
Дар неругоҳи мазкур дар давоми 60 сол ба ғайр аз таҷдиди як гидроагрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд ва иқтидори истеҳсолии он ҳамагӣ 160 МВт-ро ташкил медод.
Бо дарназардошти ин соли 2013 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” Созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд. Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он пурра иваз намудани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд буда, марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолтаро дар бар мегирад.