Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 3 май бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт, дар шаҳри Остона бо сарвари давлати ин кишвар Қосим – Жоамрт Токаев дидору гуфтушунид кард. Барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон президенти Қазоқистон шахсан ба фурудгоҳ омад.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои ин сафар, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва бастаи нави санадҳои ҳамкории имзошаванда барои таъмиқи муносибатҳои шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон заминаи навро фароҳам меорад.
Ёдрас мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар аъзои ҳукумат, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Рӯзи 3 май дар Остона ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуда, дар чаҳорчӯби кори он ба маблағи 1 млрд 300 млн доллар қарордодҳо ба имзо расидаанд. Ҷонибҳо ният доранд, ки ин рақамро то 2 млрд доллар расонанд.
Ҳамчунин дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон, ки ба тоҷирони ду кишвар дар рушди савдои мутақобила мусоидат мекунад, тавофуқ ҳосил шуд.