Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме аз 37 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки дар ҷумҳурӣ иқомат доранд, 18 ҳазор сомонӣ (1 ҳазору 650 доллар) ҷудо кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Зикр шуд, ки қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ин кумак ба собиқадорон расонида шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба итттилои шаҳрдории Душанбе, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ ба ин муносибат барои қадрдонии сабиқадорони ҶБВ, коргарони ақибгоҳ, иштирокчиёни ҷанг дар Афғонистон ва рафъи оқибатои садама дар неругоҳи ҳастаии Чернобил, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, маблағ ҷудо кард.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе 6 собиқадори ҶБВ иқомат доранд. Ҳар кадоме аз онҳо 6 ҳазор сомонӣ (550 доллар) гирифтанд.
Ҳамчунин ба собиқадорони муқими пойтахт аз ҷониби раисони ноҳияҳои шаҳр боз 3 ҳазор сомонигӣ (беш аз 275 доллар) тақдим карда шуд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, ба собиқадорони ҷанги муқими шимоли кишвар низ чунин кумак расонида шудааст.
Ба 11 иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ 7 ҳазор сомонигӣ (беш аз 642 долларӣ) ва ба 92 коргари ақибгоҳ ва мукофотгирифтагон – 4 ҳазор сомонигӣ (ҳудуди 367 долларӣ) дода шудааст.
Тавре ки қаблан хабар дода будем, куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор иқомат дошта, имсол 111-сола мешавад – ӯ 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.
Ҳозир дар вилояти Хатлон 14 нафар, Суғд – 11 нафар, Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 6 нафарӣ иштирокчиёни ҶБВ боқӣ мондаанд.
Қобили зикр аст, ки дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангида, аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуданд.
Барои корнамоиҳо дар ҷанг ба 65 нафар зодагони Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.
Ҳамасола рӯзи 9 май ва 22 июн дар Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки соли 1941 ба фронт рафта буданд, ёдоварӣ ва қадрдонӣ мекунанд.
То ҳол ҳам маълум нест, ки ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба дар пойтахт чӣ гуна чорабиниҳо доир мегарданд.