spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар шарқи Тоҷикистон боз садои тирпарронӣ баланд шуд

Душанбе. 14 апрел. «Азия-Плюс» – | Нерӯҳои қудратии ҳукумат имрӯз, 14 апрел, дар қишлоқи Самсолиқи ноҳияи Нуробод ба гузарондани амалиёти махсус оғоз карданд, иттилоъ медиҳад манбаъ дар вилояти Рашт.

Ба гуфтаи манбаъ, амалиёти вижа субҳи барвақт шурӯъ шуд. Дар амалиёт техникаи ҳарбӣ,аз ҷумла чархболҳо истифода мешаванд. Дар қатори нерӯҳои қудратии ҳукумат дар амалиёт собиқ раҳбари идораи минтақавии мубориза бо ҷинояти муштараки вилояти Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов ва тарафдоронаш ширкат доранд, хабар дод манбаъ. «Ҳузури Мулло Абдулло дар ноҳия ҳанӯз маълум нест», афзуд ӯ.

Раҳбари дафтари матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев хабари мазкурро рад намуда гуфт, ки дар қаламрави ноҳияи Нурободи вилояти Рашт машқҳои оперативӣ-тактикии воҳидҳои махсус гузаронда мешаванд.

Сардори дафтари матбуоти Вазорати амнияти Тоҷикистон Фариддун Маҳмадалиев низ ин хабарро таъид кард.

Ёдрас мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта дар вилояти Рашт амалиёти вижаи боздошти ҷангҷӯёне, ки дар кушта шудани 28 сарбоз ва афсари Вазорати дифоъ муттаҳам мешаванд, гузаронда шуд. Тибқи маълумотҳои расмӣ яке аз ташкилкунандагони ҳамла Аловуддин Давлатов, машҳур чун Али Бедакӣ 4 январи соли гузашта бо як қатор ҳамраҳонаш дастгир ва кушта шуд. Дар қазия инчунин Абдулло Раҳмонов маъруф ба исми Мулло Абдулло муттаҳам дониста мешавад, ки ҳанӯз боздошт нашудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...