Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус дар шарқи Тоҷикистон Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва 10 ҷонибдори ӯ кушта шуданд. Дар ин хусус радиои «Озодӣ» бо такя ба иттилои маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Бар тибқи иттилои манбаъ, тафсилоти бештари амалиёти вижа, ки субҳи 14 апрел дар ҷамоати Самсолиқи ноҳия Нуробод оғоз шуд , тавасути шабакаи телевизиони марказӣ намоиш дода мешавад.
Тавре имруз маълум шуд, дар натиҷаи амалиёти мазкур 2 корманди ВКД ва нерӯҳои махсуси Тоҷикистон кушта шуданд.
Мулло Абдулло дар ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 19 сентябри соли 2010 муттаҳам дониста мешавад. Дар натиҷаи ин ҳамлаи мусалаҳона дар дараи Камароби ноҳияи Рашт 28 афсар ва сарбози тоҷик кушта, 10 тан захмӣ шуданд.
Ба иттилои расмӣ дар ҳамла инчунин Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алӣ Бедакӣ ва ҷонибдорони ӯ, ки 4 январи соли 2011 кушта шуданд, ширкат доштанд.