Душанбе, 30-юми май, «Азия-Плюс» — | Имрӯз, 30 майи соли 2011, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо мақсади иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 31 майи соли 2011 баргузор мегардад, ба шаҳри Минск сафар намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти ҷаласа масъалаҳои амалисозии қарорҳои ҷаласаи моҳи декабри (2010) Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва самтҳои асосии фаъолияти созмон дар соли 2011, рушди вазъи байналмилалӣ, ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ мегарданд.
Дар чаҳорчӯби ин ҷаласа вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо раҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар назар аст.