Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯзи гузашта дар мавзеи Ганҷакии ҷамоати Чилгазии ноҳияи Исфара кормандони милиса ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Саидидрис Бобохонови 42-соларо боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мутааллиқ ба С.Бобохонов аз пинҳонгоҳи махсус ҳудуди 5 кило маводи мухаддири сахттаъсири героини истеҳсоли Афғонистон дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ба қавли мавсуф, боздоштшуда қаблан ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум гардида, мӯҳлати ҷазояшро дар қаламрави Русия адо кардааст. «Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд», – афзуд М.Асадуллоев.