Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл ба туфайли кӯшишоти мақомоти дахлдори Тоҷикистону Афғонистон дар музофоти Тахори Афғонистон ду навраси тоҷик аз асорати ҷинояткорони афғон озод карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шаби 31 май ба 1 июни соли 2011 дар минтақаи деҳаи Сайроби хоҷагии Ангурбоғи ноҳияи Ҳамадонӣ хонандагони синфҳои 6 ва 8 мактаби №23 ҳамин ноҳия бародарон Сангмадов Фаридун ва Сангмадов Сангмад ҳангоми обёрии юнучқазори замини шахсӣ дар соҳили дарёи Панҷ аз ҷониби 4 нафар шахси мусаллаҳ гаравгон гирифта, ба самти Афғонистон интиқол дода шуданд. Онҳоро даҳ рӯз дар улусволии Янгиқалъаи вилояти Тахор, дар ҷангал ва хонаҳои алоҳида нигоҳ доштанд.
Ҷинояткорон тавассути телефон аз падари онҳо бар ивази баргардонидани фарзандонаш 40 ҳазор доллари ИМА талаб карданд.
Бо пайгирии сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон субҳи 8 июни соли ҷорӣ сохторҳои амниятии вилояти Тахор амалиёт гузаронида, кӯдаконро сиҳату саломат озод намуданд. Ҳоло кӯдакон дар Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қундуз қарор дошта, дар тараддуди бозгашт ба Ватан ҳастанд.