Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ҳамадонӣ зимни задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон яке аз пешвоёни онҳо ба қатл расонида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матуботи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, шоми 16 ба 17-уми июни соли ҷорӣ дар яке аз мавзеъҳои посгоҳи марзии «Қизил-Сӯ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ марзбонон гурӯҳи иборат аз 15 нафари шахсони номаълумро ошкор месозанд. «Миёни марзбонон ва гурӯҳи шахсони номаълум задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа яке аз роҳбарони гурӯҳи қочоқбарон Ҷумъахон валади Ҷонмаҳмад ба ҳалокат расид», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мавсуф, яке аз афсарони нерӯҳои марзбонӣ низ ҷароҳат бардошта, ба беморхона мунтақил шудааст ва ба саломатии ӯ ҳеҷ хатаре таҳдид надорад. «Субҳи имрӯз дар ҷойи ҳодиса як халтаи дорои 21 кило героин ва аслиҳаи шикории қутри 16 мм дарёфт шуд», – афзуд номбурда.