Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Гузориши умумиҷаҳонӣ оид ба маводи мухаддир, ки дар қароргоҳи СММ сардори Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия Виктор Иванов пешниҳод кард, гуфта мешавад, Афғонистон аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли маводи мухаддири сахттаъсири героин ҳамоно пешсаф аст. Дар ин бора «Корреспондент.net» хабар медиҳад.
Бино ба маълумои гузориш, соли 2009 дар Афғонистон 6,9 ҳазор тонна афюн истеҳсол карда шудааст. Қариб 95%-и афюн дар музофотҳои ҷанубии Афғонистон истеҳсол гардидаааст. Аз макони тавлид интиқоли героин ба се самт – музофотҳои наздимарзӣ бо Эрон, манотиқи шарқӣ ва шимолии Афғонистон ва марзхои Покистон сурат мегирад.
Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2009 ба бозори байнулмилалӣ 365 тонна героини истеҳсоли Афғонистон ворид шудааст, ки аксараш ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода шудааст. Ҳудуди 160 тонна ба Покистон, 115 тонна ба Эрон ва 90 тонна ба Осиёи Миёна бо шумули Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон фиристода шудааст.
Гуфта мешавад, соли 2009 дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Миёна 70 тонна героини тоза истеъмол гардида, боз 7,5 тонна героин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодира шудааст. Хатсайри асосии заминии қочоқи нашъа ба Аврупо тавассути Балкан амалӣ гардида, вале аз Афғонистон тариқи Эрону Туркия оғоз мегирад.
Тавре дар гузориш ишора меравад, соли 2009 дар Аврупои Шарқӣ 73 тонна маводи мухаддири сахттаъсири героин истеъмол карда шуда, боз 3,1 тоннаи онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодира кардаанд. Миқдори зиёди героин ба Русия аз Осиёи Марказӣ ва начандон зиёд аз Озарбойҷон ворид мегардад. Ба Аврупои Шарқӣ героин асосан тавассути Русия, Туркия ва ҷумҳуриҳои Қафқоз интиқол дода шудааст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан комиссияи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ба хулосае расид, ки мубориза алайҳи пахншавии маводи мухаддир дар ҷаҳон ба нокомӣ дучор шуд.
Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, дар Гузориши умумиҷаҳонӣ оид ба маводи мухаддир, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк аз ҷониби Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, роҳбари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов ва Раиси Маҷмаъи кулли 65-ум Йозеф Дайсс пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки бозорҳои ҷаҳонии маводи мухаддири кокаин, героин ва каннабис коҳиш ёфтаанд, вале дар ҳамин ҳол, афзоиши миқёси истеҳсол ва истеъмоли маводи мухаддири навъҳои синтетикӣ афзудааст. Соли гузашта ҳадди ақал як маротиба ҳудуди 210 млн. нафар ё 4,8%-и аҳолии синнусоли аз 15 то 64-солаи сайёра маводи манъшударо истеъмол кардаанд.
Қобили зикр аст, ки гузориш ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн таҷлил мегардад, пешниҳод карда шудааст.
Дар гузориш ба коҳиши ҳаҷми истеҳсоли афюн дар Афғонистон ва афзоиши тавлиди начандон назарраси он дар давлати Мянма ишора меравад. Дар муқоиса бо соли 2009-ум, соли 2010 дар ҷаҳон майдони кишти афюн каме коҳиш ёфта, ҳудуди 196 ҳазор гектарро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли афюн ба андозаи 38% – то 4860 тонна коҳиш ёфтааст. Ии ба он марбут аст, ки бемории рустаниҳои афюн миқдори зиёди ҳосили он дар Афғонистонро нобуд сохта буд. Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз Афғонистон истеҳсолкунандаи асосии афюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Зимни пешниҳоди гузориш Юрий Федотов аз эҳтимоли афзоиши истеҳсоли афюн дар соли равон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.