Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Бисту нӯҳуми июни соли 2011 Сафири ИМА Кен Гросс, Ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба назорати байналмилалии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ва Муовини Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-майор Сафаралӣ Назиров ба ҷануби Тоҷикистон барои ташриф овардан ба бинои хобгоҳи сарбозон дар Отряди сарҳадии Шӯробод ва барои иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Дидбонгоҳи сарҳадии тармиму таҷдидгаштаи Яхчи Пун сафар карданд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, бахши Сафорати ИМА оид ба муборизаи байналмилалӣ алайҳи маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳукукӣ (INL), барои сохтмони хобгоҳи нав дар Отряди сарҳадии Шуробод зиёда аз 1 милион доллари ИМА ва барои Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пун $600 000 сарф кард. Бинои хобгоҳро дар Отряди сарҳадии Шӯробод ширкати сохтмонии БСК-Осиё ва Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пунро ҶСДМ Комплекс сохтанд ва лоиҳа аз ҷониби Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳо (UNODC) амалӣ шудааст.
Бинои нав дар Шӯробод бо дархости фавқулодаи сарҳадбонони тоҷик, баъд аз оне, ки тобистони гузашта дар натиҷаи сел бинои пешина вайрон шуда буд, сохта шуд. Шӯробод якумин иншооти сарҳадии Тоҷикистон мебошад, ки бо фаршҳои гарм таҷҳизонида шудааст. Дидбонгоҳи нави сарҳадии Яхчи Пун нерӯгоҳи хурди барқӣ ва ду деге, ки зимистон гармидиҳии кифояро таъмин мекунанд, дар бар мегирад.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, INL барои барқароркунии якчанд дидбонгоҳҳои дигари сарҳадии ноҳияи Шӯробод, аз ҷумла Хирманҷо, Шоғун, Боғ, Баҳорак, Йол ва Сари Ғор маблағ ҷудо кардааст. Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳо (UNODC) шарики иҷрокунандаи INL дар татбиқи якчанд лоихахо мебошад. Бонки Рушди Осиё шарики иҷрокунандаи INL дар татбиқи ду лоиҳаи дигар дар Кулма ва Қизил-Арти Бадахшон аст. Ин лоиҳаҳо ташаббуси нерӯи табиии INL-ро муаррифӣ мекунанд, ки истифодаи лавҳаҳои офтобӣ ва турбинаҳои шамолиро барои истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ мавриди истифода қарор медиҳад. INL умед дорад, ки барқарорсозии иншоотҳои мазкури сарҳадиро то моҳи октябр ба итмом мерасонад. INL дар оянда ҳам таъминоти иншоотҳои навро бо таҷҳизот ва таълими марзбонони Тоҷикистонро дар робита ба иҷроиши Стратегияи миллии марзбонии Ҳукумати Тоҷикистонро идома медиҳад.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба идомадиҳии пуштибонӣ аз ҷомеаи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кӯмак ба он омода аст. Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА барои барномаҳои ба тақвияти соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, болоравии иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон кӯмакдиҳанда беш аз 984 миллион доллари амрикоиро таъмин намудааст.