Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт, ки соли гузашта пас аз содир шудани амали террористӣ дар дараи Камароб таъсис дода шуда буд, феълан пурсамар фаъолият дошта, қариб 90% бо ҳайати шахсӣ таъмин карда шудааст.
Зимни нишасти мабуотӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров дар робита ба ин масъала гуфт, ҳашт нафар аз наздикони собиқ қумондонҳои саҳройии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки дар содир намудани ҷиноёт даст надоранд, имрӯз дар ин раёсат машғули коранд. Гузашта аз ин, феълан Шоҳ Искандаров ба сифати муовини сардори милисаи минтақавӣ ифои вазифа мекунад. «Ин шахсон дар амалиёти нобудсозии гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) саҳм доранд», – гуфт ӯ.
Дар посух ба суоли рӯзноманигорон перомуни тақдири минбаъдаи собиқ қумондони саҳройӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов, вазир зикр кард, ки айни замон нисбати ӯ тафтишоти парвандаи ҷиноӣ идома дорад ва дар сурати собит гардидани бегуноҳии ӯ, М.Аҳмадов метавонад ба сафи мақомоти милисаи тоҷик баргардад ва мо барои ӯ мансаби мувофиқ пайдо хоҳем кард», – таъкид дошт А. Қаҳҳоров.
Дар идома вазири корҳои дохилӣ гуфт, айни замон амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ бобати нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Рашт пурра ба анҷом расидааст.
Др робита ба масъалаи аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудани хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов, вазир қайд кард, ки бегуноҳии ӯ то ҳанӯз дар додгоҳ исботи худро наёфтааст ва агар додгоҳ ҳукми бегуноҳии ӯро содир намояд, нисбат ба кормандони милисаи ӯро боздошткарда то аз сафҳои милиса хориҷ кардани онҳо чораҳо андешида хоҳанд шуд.