Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни баргузории амалиёти махсус дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз ду маҳбуси фирорӣ аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт ҷинояткорон муқобилати шадиди мусаллаҳона нишон дода, пас аз нобуд сохтани нуқтаҳои оташфишонии онҳо, Ҷонибек Зиёев, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Панҷ ва Баҳриддин Ҳасанов, соли таваллудаш 1968, зодаи ноҳияи Тавилдара боздошт шудаанд. «Чанде баъдтар Б. Ҳасанов аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расид», – гуфт ӯ.
Ба қавли Асадуллоев, дар ҷойи баргузории амалиёт ду автомати Калашников, таппончаи Макаров ва дигар муҳимоти ҷангӣ дарёфт шудаанд. «Мутассифона, дар ҷараёни баргузории амалиёт як нафар корманди ШКД-и ноҳияи Тавилдара ҳалок шуда, ду нафар кормандони РКД-и гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ҷароҳат бардоштанд», – афзуд М.Асадуллоев.
Ҳамин тариқ то имрӯз аз 25 нафар маҳбуси фирорӣ аз тавқифгоҳи КДАМ 24 нафар боздошт ё кушта шуданд.