spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боз як зумра кормандони мақомоти қудратӣ курсҳои таълимии ИМА-ро хатм карданд

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Сафири ИМА Кен Гросс 23 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо хатми курси таълимии «Озмоиши криминалистии ҷойи амалҳои террористӣ» табрик намуд.  Дар нутқи худ Сафир Гросс қайд намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои аълои худро бо Ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, умедвори ҳамкории давомдор ва дастовардҳои умумӣ аст.   

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо, бо санад асоснок кардан ва омода намудани далели ҷойи амалро барои таъқиби қонунӣ дар сатҳи криминалистии байналмилалӣ аз худ карданд.      

Сафир Гросс изҳор намуд: «Озмоиши криминалистӣ ин пойсутуни тафтишоти ҳар як ҷойи амали террористӣ ва хусусияти муҳими муборизаи ҳукумати Тоҷикистон зидди терроризм мебошад.  Афсарони хати пеши милитсия бояд тафтишоти ҷойи амалро барои боздошт ва таъқиби қонунии шахсони айбдорро бо маҳорати касбӣ иҷро кунанд».               

Курси озмоиши криминалистии ҷойи амали террористӣ соли 2011 ин сеюмин курси кӯмакдиҳӣ ба мубориза зидди терроризм (АТА) мебошад, ки аз ҷониби идораи амнияти минтақавии Сафорати ИМА маблағгузорӣ шудааст.  Аз соли 2002 беш аз 440 кормандони Ҳукумати Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзишие ширкат варзиданд, ки аз ҷониби АТА ба ҳисоби беш аз 6 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Барномаҳои омӯзишӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир мегарданд.

 Дафтари Барномаи кӯмакдиҳӣ ба мубориза зидди терроризм соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст. Он механизми асосии ҳукумати ИМА барои таъминнамоии барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва технология барои давлатҳои ҳамкори ИМА мебошад, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд.

Барномаи мазкур яке аз барномаҳои зиёди кӯмакдиҳандае мебошад, ки Сафорати ИМА аз номи мардуми Амрико дар Тоҷикистон татбиқ менамояд. Аз соли 1993 инҷониб халқи Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 984 миллион доллар таъмин намудааст.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...