Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Рӯзҳои 23-24 август ҳайати Британияи Кабир бо роҳбарии ёвари сардори штаби Қувваҳои мусаллаҳи Британия (амалиётҳои таъминотӣ) Витсе-Маршали Қувваҳои ҳавоӣ Граҳам Ҳовард ба Тоҷикистон ташриф овард. Ҳайат, ки онро сафири Британия Кабир Тревор Мур ҳамроҳӣ намуд, бо сардори Штаби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Равил Нодиров ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов вохӯрӣ намуд.
Тавре аз бахши робита бо матбуоти сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади ташрифи ҳайат ин таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба миёни Ҳукуматҳои Британия Кабир ва Тоҷикистон дар самти низомӣ ва сиёсӣ буд.
«Ҳангоми вохӯриҳо масъалаи вогузор намудани масъулияти Британия дар Афғонистон ба дӯши қувваҳои амниятии кишвар, ҳамчунон фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Британия дар ин кишвар баъди соли 2015-ум, вақте ки шумораи ками қувваҳои низомӣ боқӣ мемонанд, то ки шарикони Афғони хешро омӯзонанд ва раҳнамоӣ кунанд, низ муҳокима гардид», – гуфтанд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, сасъалаи вазъи минтақа ва зарурияти ҳамкории зичи Ҳукумати Британия Кабир ва Тоҷикистон баҳри кӯмак ба Афғонистон низ мавриди сӯҳбат қарор гирифт.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо зарурияти муҳим будани раванди истиқрори сулҳи Афғонистонро барои Тоҷикистон ва саҳми қувваҳои иттилофи зидди террористиро дар ин раванд қайд намуданд.