Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди гумонбар ба қатли корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Истаравшан муайян карда шуданд.
Ахири моҳи августи соли равон корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола бо ҳамсараш дар манзили зисташон ба қатл расонида шуданд.
Тавре аз РКД-и вилояти Суғд хабар доданд, дар ноҳияи Истаравшан шахсони номаълум шабона ба манзили зисти корманди нуқтаи мубодилаи асъор Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола ворид мегарданд.
Дар саҳни ҳавлии хона тавассути зарбаҳои корд ӯ ва сипас ҳамсари Ҷалоловро, ки аз шунидани доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ мебарояд, ба қатл мерасонанд ва 7 ҳазор доллари ИМА ва 28 ҳазор сомонӣ маблағи пулиро бо худ мебаранд. «Аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷалолов ва ҳамсараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буданд», – гуфтанд дар раёсат.
Аз рӯйи ин далел мақомоти додситонии шаҳри Истаравшан мутобиқи моддаи «Одамкушӣ-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар ҷараёни тафтишот шахсони ба ин ҷиноят дастдошта муайян карда шуданд. Яке аз гумонбаршудагон корманди нуқтаи мубодилаи асъори шаҳри Истаравшан, М.О.-и 36 сола будааст, ки рӯзи 23-юми август даст ба худкушӣ зад. Ҳамроҳи ӯ – Ф.М.-и 31 сола боздошт шуда, ҳамчунин далелҳои шайъӣ ва асбоби қатл низ гирифта шудаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, соли равон дар қаламрави вилоят 30 далели куштор ба қайд гирифта шудааст.