Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои 15 марзбонони Тоҷикистон ва Афғонистон тренинг дар мавзўи назорати сарҳадӣ ва иммигратсионӣ анҷом дод.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, тренинги мазкур аз тарафи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар чаҳорчўбаи дастгирии иловагӣ ба Маркази омӯзиши сарҳадбонон дар шаҳри Хоруғ амалӣ шуда буд, ки аз тарафи Шуъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешавад. Дар ин тренинг 10 афсари полиси марзбонии хадамоти миллии марзбонии Афғонистон ва 5 афсари Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон иштирок карданд.
Тренинг асосҳои амнияти сарҳадӣ, ҳамкории байнисарҳадӣ, сиёсати судури раводид, фош кардани санадҳои қалбакӣ, мубориза зидди қочоқи инсон ва терроризмро дар бар гирифта буд. Шаҳодатномаҳои хатми тренинг ба иштироккунандагон рӯзи 29 августи соли ҷорӣ дар маросими пўшидашавии тренинг супурда шуд.
Яке аз марзбонони афғон – иштироккунандаи тренинг зикр кард, ки чунин тренингҳо, махсусан табодули таҷриба бо ҷонибҳои Тоҷикистон ба истифодаи таҷрибаи беҳтарин дар тақвияти фаъолияти оянда хеле муфиданд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омода аст дастгирии худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон давом диҳад. Шуъбаи оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА аз соли 2003 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунад.