Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров сафири Финландия дар Тоҷикистон хонум Туулу Юрёларо ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ба баррасии масъалаи лоиҳа дар бораи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Финландия таҳти унвони «Баробарҳуқуқӣ дар назди қонун – роҳи расидан ба адолат дар Осиёи Марказӣ» таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.
Директори АНМН ба дипломати Финландия перомуни вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт маълумоти муфассал дод.
«Сафир муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Финландия дар масоили ҳуқуқӣ, аз ҷумла дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандонро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар изҳори умедворӣ карданд», – афзуд манбаъ.