Аз 21 то 24 ноябри соли 2011 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯъи “Механизмҳои тафтиши ҷиноятҳои мухаддиротӣ” баргузор мегардад, ки аз ҷониби Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии политсияи Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар рафти семинар кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Бригада оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири назди Префектураи политсияи шаҳри Париж масъалаҳои шаклу усули ошкор намудани ҷиноятҳо ва такмили механизмҳои тафтишоти ҷиноятҳои мухаддиротиро муҳокима менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати гурӯҳи фаронсавиро ҷаноби Пушэрэ Пер – намоянда оид ба масъалаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса дар Осиёи Марказӣ роҳбарӣ менамояд.
Зимнан зикр гардид, ки дар анҷоми семинар ба иштироккунандагони он сертификатҳои махсус супорида мешаванд.