Чанде қабл дар бинои маъмурияти давлатии ноҳияи Лайлаки шаҳри Исфанаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии корӣ оид ба баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ байни ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ғончии вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар вохӯрӣ 16 нафар намояндагон аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва 32 нафар намояндагон аз вилояти Суғд ва ҳамчунин намояндагон аз шӯъбаи корҳои дохилӣ, идораи гумрук, идораи об, хоҷагии ҷангал ва раисони ҷамоатҳое, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд, иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати кориро аз вилояти Суғд муовини якуми Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва аз Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Губернатори вилояти Боткент Саидҷон Эратов роҳбарӣ карданд.
Зимнан зикр гардид, ки вохӯрии мазкур асосан масъалаҳои ҳамкории ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифт.