spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар кишварҳои узви СААД ҳудуди 16 тонна маводи мухаддир мусодира шуд


Чанде қабл дар қаламрави кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) амалиёти густардаи байнулмилалии зидди маводи мухаддир таҳти унвони «Канал-2011»  ба анҷом расид.

Ҳадаф аз он минбаъд амалисозии вазифаҳои амалӣ оид ба бастани роҳу воситаҳои қочоқи афюни афғонӣ ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, кокаин ва маводи мухаддири синтетикӣ дар қаламрави кишварҳои минтақаи Авруосиё, интиқоли ғайриқонунии прекурсорҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ва амалисозии чораҳои комплексӣ оид ба мубориза зидди қонунигардонии даромад аз фурӯши маводи мухаддир аст.

Тавре дар иттилоияи интишоргардидаи СААД зикр мегардад, дар давоми ҳафта оид ба қатъ сохтани фаъолияти гурӯҳҳои машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, мусодираи маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ, аслиҳа ва зарба задан ба бунёди иқтисодии тиҷорати маводи мухаддир тадбирҳо андешида шуданд.

Дар амалиёт мақомоти зидди маводи мухаддир, мақомоти амният ва умури дохилӣ, хадамоти гумрук ва сарҳадбонӣ, хадамоти иктишофии кишварҳои узви СААД ва ҳамчунин мақомоти марбутаи кишварҳои нозир – Озарбойҷон Афғнистон, Венесуэла, Эрон, Италия, Чин, Латвия, Литва, Покистон, Лаҳистон, Украина ва Эстония ширкат варзида, шумори умумии иштироркчиёни амалиёт ҳудуди 15 ҳазор нафарро ташкил дод.

Дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва иншооти роҳи оҳану нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ ҳудуди 8 ҳазор адад гурӯҳҳои фаврии муштарак, 10 ҳазор посгоҳҳо дар самти фаъолият, назорати 2700 истгоҳҳои роҳи оҳан, беш аз 980 фурудгоҳҳо ва 6 ҳазор роҳҳои автомбилгард ва ҳамчунин 260 бандарҳои баҳрӣ ташкил карда шуданд.

«Ба туфайли амалиёти муштараки муваффақона аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 16 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла зиёда аз 500 кило героин, беш аз 90 кило маводи нашъаовари синтетикӣ, беш аз 9 тонна афюн, 1,5 тонна бангдона, 2,3 тонна ҳашиш, ҳудуди 130 кило кокаин ва ҳамчунин беш аз 30 тонна прекурсорҳо мусодира гардиданд, – омадааст дар иттилоия. — Дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин 200 адад аслиҳаи оташфишон ва зиёда аз 36 ҳазор дона муҳимоти ҷангӣ мусодира гардида, беш аз 4 ҳазор ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор карда шуданд. Зимни амалиёт беш аз 21 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки 3400-тоаш ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марбут аст. Барои содир намудани ҷиноёти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳудуди 4 ҳазор нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...