Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти намояндагони мақомоти зидди маводи мухаддири Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон доир мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрии якрӯза директори АНМН-и назди презденти Тоҷикистон Рустам Назаров, муовини вазри корҳои дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон Муҳаммад Асхар, муовини раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон Дониёр Оторбоев ва намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон Жан Люк Ламасйе масоили таҳкими мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
«Аз рӯйи натоиҷи мулоқот имзои протоколи сеҷониба дар бораи ҳамкорӣ дар назар аст», – афзуд манбаъ.