Чанде қабл дар Маркази сагҳои махсуси минаҷӯй, воқеъ дар деҳаи Шарафи ноҳияи Рӯдакӣ маросими ҷамъбасти татбиқи «Лоиҳаи безараргардонии механикии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дастгирӣ шудааст ва имзои «Лоиҳаи дастгирии фаъолияти безараргардонии механикии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2012 баргузор гардид.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони баъзе вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.
Ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва
ҷаноби Хартмут Томс Директори минтақавии Фонди Швейтсарӣ оид ба безарарсозии минаҳо (ФШБМ), аҳамияти озод намудани минтақаҳои хатарнок аз хатари минаҳоро қайд карда, зарурати давом додани ҳамкориро дар самти мазкур таъкид намуданд.
Амалиётҳои безарарсозии минаҳо дар солҳои 2010-2011 тавассути харидории мошини махсуси безарарсозӣ (МВ-4) бо маблағи умумиаш 726.059 доллар ИМА аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчубаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта буд. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди Швейтсарӣ оид ба безарарсозии минаҳо мувафақона ба анҷом расонида шуд. Бо гурӯҳҳои безарарсозӣ ФШБМ муяссар гардид, дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Шӯроободи вилояти Хатлон ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 743.000 метри мураббаъ майдонҳои минтақаҳои хатарноки наздисарҳадӣ бо Афғонистонро аз 290 мина тоза намоянд.
Худи ҳамон рўз Сафири Ҷопон ва
Директори ФШБМ созишномаи грантии нав бо маблағи умумиии 212.892 доллари ИМА оид ба дастгирии амалиётҳои безарарсозиро дар соли 2012 имзо намуданд.
Лоиҳаи нав бо мақсади таъмин намудани бехатарии аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ, Шӯрообод ва Шаҳритуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ татбиқ карда мешавад.
Гурўҳҳои безарарсозии минаҳо ба меҳмонон намоиши таҷрибавии гурўҳҳои безараргардонии минаҳо, аз ҷумла тавассути сагҳои махсуси минаҷўй ва мошинҳои механикии безарарсозӣ, таҷҳизоту техника ва асбобҳои дар амалиётҳои зидди минаҳо истифодашавандаро нишон доданд.
Инчунин, меҳмонҳо бо намоишҳои тасвирӣ оид ба фаъолиятҳои барномаҳои огоҳонии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кўмак ба ҷабрдидагони мина ва тарғибу ташвиқот ба муқобили минаҳои зидди пиёдагард ошно гардиданд.
Бояд қайд кард, ки аз оғози барномаи амалиёти зидди минаҳо инҷониб, Ҳукумати Ҷопон барномаи мазкурро дар ҳаҷми зиёда аз 1 млн. 557 ҳазор доллари ИМА дастгирии молиявӣ намудааст.
Кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 281 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намуд.