Зимни як амалиёт дар ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аъзои гурӯҳи фаромиллии қочоқбарро боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир сокинони ноҳияи Ванҷ, аъзои гурӯҳи қочоқбар – Собир Ардабоев, бештар маъруф бо номи Шайх Собири Ванҷӣ ва ду маротиби маҳкумшуда Назриалӣ Ҷавҳаров боздошт шуданд.
«Аз боздоштшудагон беш аз 19 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуда, муайян карда шудааст, ки ин миқдор маводро Ардабоев аз шаҳрванди Афғонистон барои фурӯш дастрас кардааст», – гуфтанд дар кумита.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боз як амалиёти махсуси дигар дар қаламрави Кӯлоб се шаҳрванди ҷумҳурӣ дастгир шуда, ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон аз пинҳонгоҳҳои махсус 6 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва 2 кило афюн дарёфту мусодира шудааст. «Аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», – афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони КДАМ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 182 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.