spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

АНМН: Боздошти 6 нафар ба гумони даст доштан дар нашъаҷаллобӣ


Дар силсилаамалиётҳое, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом доданд, шаш нафар ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардиданд, ки ду нафари онҳо барои содир кардани ҷиноят пеш суд шуда буданд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ шаҳрванди 30-солаи шаҳри Қурғонтеппаро  бо маводи сахттаъсири героин дастгир карданд.

Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ онҳо шарики ӯ-сокини 29-солаи Қурғонтеппаро, ки  оиладор ва соҳиби ду фарзанд будааст, дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ маводи мухаддир  мусодира гардид.

Кормандони Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванди 31-солаи пойтахтро бо маводи нашъаовари навъи ҳашиш дастгир намуданд.Вай оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, барои содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 244 қисми 2 КҶ ҶТ, яъне дуздии такрорӣ ва расонидани зарар, суд шуда будааст.

Дар шаҳри Чкаловск кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ҷараёни баргузории амалиёти оперативӣ як гурӯҳи муташаккилро ба гумони  ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир ва аз онҳо бангдона мусодира намуданд. Як нафар дастгиршуда сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ, оиладор, соҳиби чор фарзанд буда, қаблан суд нашудааст. Шарики ӯ зодаи ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон аст, ки бо оила ва 5 фарзандаш дар шаҳри Чкаловск зиндагӣ мекунад. Тафтишот муайян кард, ки вай соли 2011 барои тасарруфи амвол ва қаллобӣ бо моддаҳои 245 ва 247 қ. 4 банди “б” КҶ ҶТ суд шуда будааст.

Ҷавоне, ки дар шаҳри Хоруғ ният дошт мухаддирот савдо кунад, аз ҷониби  кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дастгир шуд. Ӯ дорои маълумоти миёнаи касбӣ ва муҷаррад буда, қаблан суд нашудааст. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ чор ғилофаки коғазӣ пайдо карда шуд, ки ҳар кадоми он дорои моддаи сафеди зардчатоб буданд. Тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ маводи мусодирашуда героин буда, барои фурӯш омода шуда буд.

Ҳамаи дастгиршудагон ба тавқифгоҳҳои Агенӣ ворид карда шуданд ва нисбати аъмоли содиркардаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Муфаттишони Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ барои муайян кардани шарикони ҷиноии дастгиршудагон ва сарчашмаҳои дарёфти мухаддирот чораҳои иловагиро идома медиҳанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...