Чанде қабл генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) сафари якумини худро ба Тоҷикистон оғоз намуд. Генерал Фрейзер чанде пеш фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА-ро, ки татбиқи тамоми талаботҳои нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро дар бар мегирад, ба ӯҳда гирифт.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, зимни сафари худ, генерал Фрейзер дар Душанбе бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шерали Хайруллоев, ва Сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ, генерал-лейтенант Шерали Мирзо, мулоқотҳо доир намуд. Генерал Фрейзер расман худро муаррифӣ намуд ва шахсан ба онҳо барои ҳамкорӣ ва дастгирии бардавоми Тоҷикистон ибрози ташаккур намуд.
Айни ҳол сафари Генерал Фрейзер ба якчанд давлати Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома меёбад.