Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истиқболи солгарди 19 – уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон машварати идона доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти президент хабар доданд, сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорати идораҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар симои онҳо тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ ва кулли воҳидҳои низомиро бо солгарди 19 –уми таъсиси нерўҳои дифоии кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои ҳифзи амну суботи Ватани азиз ва ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкаш матонату далерӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ, сиҳҳати комил ва хушбахтӣ таманно намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи начандон тўлонӣ, вале пур аз шебу фарозҳои қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид дошт: «Мо артиш надоштем, ҳатто афсару генерали низомӣ надоштем. Ин воқеияти пурдаҳшати он солҳо буд ва ҳар як афсару сарбоз бояд хуб донанд, ки мо дар шароити вазнини зери хаймаҳои саҳроӣ дар фурўдгоҳи Айнӣ Артиши миллӣ таъсис додем».
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳоло таъминоти моддию техникии қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, яъне маоши афсарону сарбозон ва кормандони дигар мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таъминот бо либосворию хўрока, техникаю таҷҳизоти муосири хизмати ҳарбӣ ва ғайра нисбат ба солҳои пешин даҳҳо баробар афзудааст ва ин ҳар як муҳофизи марзу буми Ватан ва оромию суботи кишварро ба хизмати софдилонаю садоқатмандона водор месозад.
Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди машварат онҳоро бори дигар бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ба боварию эътимоди мардуми шарафманди Тоҷикистон чун муҳофизони шуҷои Ватан ва рўзгори осудаи сокинони он сазовор бошанд.