Бар асари боришоти зиёди барф ва шамоли бошиддат боми 70 хона дар ҷамоати Фирӯзи ноҳияи Носири Хусрав қисман ё пурра хароб гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд, офат ҳамчунин боми беморхона ва кохи фарҳанги ноҳияро низ харб кардааст. Талафоти ҷонӣ ва ҷабрдидагон ба қайд гирифта нашудаанд.
Айни замон ба осебдидагон ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯмак мерасонанд.