Дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки ҷузъу томҳои гарнизони шаҳри Душанбе гузашти низомӣ баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар гузашти низомӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиа иштирок мекунанд. Дар минбар мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.
Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ хоҳад кард. Гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.
Бо анҷоми гузашти низомӣ дар Вазорати мудофиа маҷлиси ботантана доир гардида, дар он афсарону сарбозони пешқадам бо унвону тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Консерти идона бо иштироки дастаҳои ҳунарии Вазорати мудофиа ва ҳунармандони маъруф ба чорабинӣ ҳусни хотима мебахшад.
Имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳо ва қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона доир мегарданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳор кард, ки «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон буда, он дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд ва дар натиҷаи таваҷҷўҳи доимии ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрўз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерўи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст».
«Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва ўҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд», – гуфт дар паёми табрикӣ сарвари давлат.