Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳ, узви парлумони Британияи Кабир Ник Харвей Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ниҳодҳо ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ, омодасозии кадрҳо барои артиши Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Британияи Кабирро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва ноил гардидан ба сулҳу субот дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.
Имрӯз вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳ, узви парлумони Британияи Кабир Ник Харвейро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.