Дар вилояти Суғд ҷузъиёти тамрини низомии муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки моҳи июни соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ доир мегарданд, баррасӣ шуд.
Масъалаи мазкур дар гуфтушуниди ситодҳои намояндагони Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосӣ маҳсуб меёфт, ки аз 4 то 8-уми март дар гарнизони вилояти Суғд баргузор шуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар тамринҳои низомии зикршуда, ки дар се марҳила доир мегарданд, гурӯҳҳои зудамали воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи панҷ кишвари узви СҲШ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Русия иштирок мекунанд.
Афсарону сарбозони воҳидҳои низомии кишварҳои узви СҲШ тарзи ягонаи истифодаи нерӯҳо ҳангоми фаъол гардидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаи кӯҳиро таҳия ва мавриди машқу омӯзиш қарор медиҳанд. Дар тамринҳо усулҳои нави дарёфт, ба муҳосира гирифтан ва нобуд сохтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки тибқи фарзияи тамрин, деҳаи дурдасти кӯҳистонро ишғол кардаанд, истифода хоҳанд шуд.
Моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Остона эълон гардида буд, ки тамрини низомии зиддитеррористии «Рисолати сулҳовар-2012» дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Аз замони таъсис кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони умумии «Рисолати сулҳовар» якчанд тамринҳои низомии муштарак доир намуданд.
Тамрини аввал моҳи августи соли 2003 гузаронида шуда, дар он Ӯзбекистон иштирок накард. Марҳилаи аввали тамрин дар Қазоқистон ва марҳилаи дуюми он дар Чин баргузор шуд. Соли гузашта дар қаламрави ҳавзаи низомии Шарқии Русия тамрини низомии «Рисолати сулҳовар-2011» доир гардид.