Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз тафсилоти ҳодисаи боздошти як ҷинояткори хафвнок дар автовокзали шаҳри Душанбе маълумот дод.
Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, дарвоқеъ ҳам дар автовокзали пойтахт амалиёти вижаи боздошти ҷинояткори хафвнок, роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, сокини ноҳияи Ваҳдат Худойназар Одинаеви 44-сола доир гардид, ки аз соли 1995 ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноёти ғоратгарӣ, авбошӣ, куштор ва бандитизм таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт.
«Одинаев талаби таслим шудан аз ҷониби кормандони милисаро сарфи назар карда, аз кисааш норинҷак баровард. Бо назардошти ҷойи серодам будани автовокзал ва пешгирии талафоти ҷонии имконпазир, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сӯйи ӯ тир кушоданд. Норинҷак дар паҳлӯи ӯ афтода, инфиҷор рух дод», – гуфтанд дар ВКД,
Ба иттилои манбаъ, бар асари инфиҷор Одинаев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, чанде баъдтар ба ҳалокат расидааст. Ҳеҷ яке аз кормандони милиса ва шаҳрвандон осеб надиданд.
Зикр гардид, ки пас аз боздошти 5 нафар аъзои гурӯҳи Одинаев пайгирии ӯ муяссар шудааст. Тахмин меравад, ки яке аз ҷиноятҳои ахирро гурӯҳи мазкур моҳи марти соли равон дар назди корхонаи истеҳсоли арматураи пойтахт содир намудааст, ки дар он шаҳрвандони Чин мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифта буданд.