Ҷаласаи муштараки гурӯҳи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД оид ба ҳамкориҳо дар масъалаҳои табодули захираҳои иттилоотӣ, дар базаи ХНММ Россия баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори мақомоти салоҳиятдори Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва намояндаи Котиботи СААД иштирок намуданд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар ин нишаст Сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва муовини сардори Шӯъбаи информатсионӣ-таҳлилии АНМН намояндагӣ карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти фаъолиятҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва табодули захираҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои барномавии соли 2011 ва нақшаҳо барои соли ҷорӣ шунида шуданд.
Дар анҷом барои Лоиҳаи қарори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД, ки 11 апрели соли 2012 дар шаҳри Остона доир мегардад, пешниҳодҳо омода карда шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки гурӯҳи кории мазкур соли 2005 бо қарори Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ташкил шудааст.
Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои амниятӣ аз ҷумлаи фаъолиятҳои ин паймон ба шумор меравад.