Рӯзҳои 29-30 марти соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории байниидоравии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 5 кишвар – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (гурӯҳи “Хатсайри Шимол”), ки дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунанд, доир мегардад.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба баргузории амалиётҳои муштарак оид ба пешгирии гурӯҳҳои мухаддиротии трансмиллии дар ин минтақа амалкунанда, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, миёни идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон, Россия, ИМА ва Тоҷикистон табодули ахбори оперативӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба роҳ монда шудааст, ки имкон медиҳад гурӯҳҳои муташаккили ҷиноие, ки робитаҳои устувори байналмилаӣ доранд, ошкор ва аз байн бурда шаванд. Ин гуна ҳамкорӣ сабабгори беҳбудии тадриҷии вазъи мухаддиротӣ дар минтақа мегардад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ин ҷаласаи шашуми гурӯҳи корӣ аст, ки он соли 2010 таъсис ёфтаааст ва он баъди анҷоми панҷумин конфронси минтақаии ҳамкориҳои иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA) баргузор мегардад, ки ин баёнгари муҳим будани ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва ташкил намудани сипари боэътимод дар роҳи қочоқи мухаддирот аст.