Бо мақсади беҳтар намудани натиҷаҳои корӣ ва ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар сохтори вазорати мазкур як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, полковники милитсия Таҷалов Алӣ ба вазифаи муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ва полковники милитсия Муллоев Валихон ба вазифаи муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД таъин шуданд.
Ҳамчунин подполковники милитсия Довудов Зуҳурбек вазифаи муовини сардори Раёсати тафтишотии ВКД ва подполковники милитсия Тағоймуродов Сафаралӣ вазифаи муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро ишғол намуданд.
Ғайр аз ин, полковники милитсия Иззатов Ғайратшо ба вазифаи муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, полковники милитсия Шомадов Фирдавс ба вазифаи муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ва полковники милитсия Қосимов Афзалӣ ба вазифаи муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД таъин гардиданд.