Ахири ҳафтаи гузашта, 14 апрели соли 2012 дар деҳаи Старий Уренгойи ноҳияи Пуровскийи ҳавзаи худмухтори Ямало-Ненетски Федератсияи Россия ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон Алиев Саъдулло Ғаниевич (соли таваллудаш 01.05.1971, сокини шаҳри Душанбе) ва Носиров Сайкомил Холаҳмадович (соли таваллудаш 15.02.1989, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки бино ба иттилои бародари яке аз марҳумон, Саъдуллову Сайкомил дар вагоне, ки истиқомат мекарданд, кушта шудаанд.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Шӯъбаи тафтишотии кумитаи тафтишотии ноҳияи Пуровский парвандаи ҷиноӣ (Қисми 2-и Моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия) боз гардидааст.
Ба мақсади расонидани ёриву мусоидатҳои лозима кормандони Сафорат бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони вилояти Тюмен ва Сургут дар тамосу ҳамоҳангӣ қарор дошта, мавзӯъро ҷиддан пайгирӣ менамоянд.
Ҷасадҳои Алиев Саъдулло ва Носиров Сайкомил рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд.