Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон мошини безараргардонӣ аз минаҳои Mini Mine Wolf-ро тақдим намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафири ИМА Кен Гросс ва Ҷонишини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Грудына дар маросими расмии ба Вазорати дифоъ тақдими мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf суханронӣ намуданд.
Барои дастгирии кӯшишҳои безараргардонии қаламрави Тоҷикистон аз минаҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандони он сафорати ИМА дар якҷоягӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тоҷикистонии оиди масоили минаҳо ҳамкории зич намуданд.
Дар давоми ду соли охир Вазорати мудофиа мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf-ро аз Ҳукумати ИМА ба иҷора гирифта, онро барои безараргардонии минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди истифода қарор дод. Акнун Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи аз масофаи дур идорашавандаи безараргардонӣ аз минаҳо мешавад. Мошини безараргардонии бо арзиши 1 миллион доллари ИМА ҷараёни бехавфи безараргардониро бо дақиқате таъмин менамояд, ки қаламрави тозашуда бидуни санҷиши иловагӣ ҳамчун “тозашуда” сертификатсия дода шуда метавонад.
Илова бар ин дастгоҳи тақдимшуда САҲА коршиносони фаннии барои ҳамоҳангсозии истифодаи беҳтарини дастгоҳи мазкур заруриро таъмин менамояд.
Харидорӣ ва тақдими мошинаи безараргардонӣ аз минаҳо аз ҷониби Барномаи Ҳукумаи ИМА оид ба маблағгузории сохторҳои ҳарбии хориҷӣ маблағгузорӣ шуда аз ҷониби Бахши Сафорати ИМА оид ба ҳамкории ҳарбӣ ҳамоҳанг карда шуд.