Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар кори машварати навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Пекин мегузарад, иштирок мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иштирокдорони ҷаласа масоили таъмини амният дар фазои СҲШ ва ҳамчунин масоили ҳамокриҳои низомӣ ва низомӣ-техникиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз рӯйи натиҷаҳои машварат баёнияи муштарак ба имзо мерасад.
Дар Вазорати мудофиа ҳамчунин гуфтанд, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Шералӣ Хайруллоев бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви СҲШ аз эҳтимол дур нест.
Имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Пекин Машварати VII-уми раисони Судҳои олии кишварҳои узви СҲШ низ доир мегардад. Дар он раиси Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев иштирок мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар машварат баррасии як қатор масоили муҳим, аз ҷумла ислоҳоти низоми адлия ва ҳамкорӣ миёни судҳо ва ВАО дар назар аст. Аз рӯйи натоиҷи машварат эъломияи муштарак ба имзо мерасад.